LIVE

Мунтахаби наврасони то 17 солаи Тоҷикистон озими Бразилия шуданд

Субҳи рӯзи 17-уми октябр бо вақти Душанбе ҳайати тими миллии наврасони то 17 солаи тоҷик ҷиҳати иштирок дар Чемпионати ҷаҳон ба кишвари Бразилия сафар карданд. Аъзоёни дастаи Тоҷикистон то расидан ба Бразилия бештар аз 18 соат дар парвоз буданду, қариб 15 ҳазор км- роҳро аз Осиё, Аврупо ва Африқо убур карда ба бузургтарин кишвари Амрикои Ҷанубӣ фуруд омаданд. 
Бегоҳии 17-уми октябр ҳайати мунтахаби Тоҷикистон бо шумули бозигарони то 17 солаи кишвар, ки дар қаҳрамонии ҷаҳони соли 2019 дар Бразилия иштирок мекунанд ба шаҳри Сан Паулу ташриф оварданд. Ёдовар мешавем, ки ҳайати мунтахаби футболбозони то 17 солаи мо субҳи 17-уми октябри соли ҷорӣ тавассути хатсайри транзити ҳавоии Душанбе-Истанбул аз фурудгоҳи байналмилалии пойтахт ба Туркия омадад ва аз ин ҷо роҳи худро ҷониби шаҳри Сан Паулуи Бразилия идома доданд. 
Пас аз расидан ба фурудгоҳи байналмилалии Сан Паулу-Гуарулюси Бразилия ҳайати Тоҷикистон ба меҳмонхонаи “Bristol International Airport Hotel” роҳ пеш гирифт. Пас аз расидан ба меҳмонхонаи мазкур ситоди мураббиёни тим ба ҳайати даста имкон доданд то ин шом истироҳат карда, ба нахустин тамрини худ дар ҷамъомади таълимиву тамринии як ҳафтаинаи Сан-Паулу омода шаванд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив