LIVE

Дастаи наврасони футболи Тоҷикистон охирин санҷишро бо баҳои хуб супорид

Чанд соат пеш дар варзишгоҳи “Жозе Либеранч”-и шаҳри Сан-Паулуи Бразилия футболбозони мунтахаби навраси кишвар бо дастаи Академияи бошгоҳи футболии “Аудакс” дидори рафиқона анҷом доданд, ки он бо ҳисоби мусовии 2-2 хотима ёфт.
Дидори дастаҳо соати 20:00 бо вақти Сан-Паулу баробар ба 04:00-и субҳи 23-юми октябри Душанбе шуруъ шуд. Аз дақиқаҳои аввал сармураббии тими наврасони кишвар Шоҳрух Қирғизбоев, Ҷонибек Шарипов, Муҳаммадрасул Лутфуллоев, Шаҳром Назаров, Исроил Холов, Ҳамадонӣ Камолов, Шарифбек Раҳматов, Шоҳрух Сангов, Шуҳрат Элмуродов, Нидоёр Забиров ва Ислом Зоировро ба майдон баровард.
Бозӣ бо ҳуҷумҳои паёпайи дастаи “Аудакс” шуруъ шуд. Тайи 25 дақиқаи аввал онҳо бе танаффус ҷониби дарвозаи мо ҳуҷум мекарданд. Дар тӯли ин дақиқаҳо мо танҳо 2 дафъа ба аксулҳуҷум гузаштем.
Гарчанде Шоҳрух Қирғизбоев аз уҳдаи баргардонидани чанд зарбаи бошасти рақиб дар 25 дақиқаи аввал баромад, вале иштибоҳи ӯ дар дақиқаи 26-ум боиси боз шудани дарвозаи мо гардид. Бо сар додани голи аввал бозигарони мо дастпоча шуданд. Рақиб инро пайхас карда, пас аз 2 дақиқа бо кӯшиши Рамирес голи дуюмро зад.
Дар дақиқаи 38-ум як аксулҳуҷуми мо билохир самар овард. Ислом Зоиров бо дарвозабон як ба як баромада, ҳисобро коҳиш дод. Ба туфайли саъю талоши Ҳамадонӣ Камолов дар дақиқаи охири қисми якум миллипӯшони мо пеналтӣ кор карданд. Шарифбек Раҳматов, ки ба назди тӯб омад, онро бехато ба дарвоза ҷо кард.
Сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар оғози қисми дуюм ба ҷойи Шуҳрат Элмуродов Рустам Соировро ба майдон овард. Бо ду ҳамлагар бозӣ кардани мо боис бар он шуд, ки паёпай ду ҳамлаи хавфнок ташкил кунем. Сарвони даста Ислом Зоиров дар оғози даҳаи 6-ум аз ин имконият истифода карда натавонист. Бозигарони мизбон дар дақиқаи 75-ум пеналти кор карданд, вале зарбаи Дудуро Шоҳрух Қирғизбоев баргардонид.
Ҷараёни қисми дуюми бозӣ низ басо бошиддат ва ҳуҷумкор сурат гирифт. Аммо ба дастаҳо имкони гол задан ба дарвозаи якдигар даст надод.
Қатъи назар аз каму костиҳо дар бозии шогирдони Зайниддин Раҳимов онҳо охирин санҷиши худро пеш аз қаҳрамонии ҷаҳон бо баҳои хуб супориданд.
Ҷараёни бозӣ ба ситоди мураббиён заъфу камбудиҳо ҳайати дастаро бори дигар нишон дод. 
Бозии дӯстона
«Осаско Аудакс» (U-19, Бразилия) – Тоҷикистон (U-17) – 2:2
Голҳои Тоҷикистон: Ислом Зоиров, Шарифбек Раҳматов (пеналти).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив