LIVE

Футболбозони тоҷик аз санҷиши бошгоҳи тарбиякардаи Паулинию мегузаранд

23-юми октябр соати 04:00 субҳ бо вақти Душанбе футболбозони мунтахаби навраси Тоҷикистон пеш аз шуруи чемпионати ҷаҳон охирин бозии санҷишии худро доир мекунанд.  Дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ мунтахаби наврасони кишвар дар шаҳри Сан-Паулу баргузории дидори санҷиширо бо дастаи ҷавонони “Аудакс” ба нақша гирифтааст. Як рӯз пеш аз бозӣ шогирдони Зайниддин Раҳимов барои шиносоӣ бо вазъи майдон ва доир кардани тамрини охирини хеш ба “Эстадио Мунисипал Жозе Либеранч” омаданд. Бо расидан ба варзишгоҳ ибтидо мураббӣ ба футболбозон дар бораи рақиб ва шаклу услуби бозӣ бар муқобили он маълумот дод. Сипас бозигарони ба иҷроиши машқҳои худ шуруъ карда, бештаран ҳангоми ҳолатҳои маъмулӣ чӣ гуна ҳаракат карданро тамрин намуданд. 
Бошгоҳи “Аудакс” дар чемпионати иёлоти Сан-Паулу “Паулиста” ҳамроҳи дастаҳои “Коринтианс”, “Сантос” ва “Сан-Паулу” бозӣ мекунад. Чанд бозигари маъруф аз қабили Паулинию (собиқ футболбози дастаҳои «Тоттенхэм», «Барселона» ва мунтахаби Бразилия) тарбиядидаи мактаби ҳамин тиманд. 
Чун одат машқу тамринҳои рӯзи охири пеш аз бозӣ тақрибан як соат давом ёфта, бештаран он амалу ҳаракат ва гаштҳои тактикӣ, ки дар бозӣ истифода мешавад, мавриди омӯзиш қарор гирифт. Бозии фардоина бо ҳайати ҷавонони “Аудакс” пеш аз оғози чемпионати ҷаҳон барои наврасони мо охирин дидори санҷишӣ ба ҳисоб меравад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив