LIVE

Дарвозаҳо голборон шуд. Тоҷикистон аз дастаи аврупоӣ имтиёз ситонид.

Футболбозони навраси Тоҷикистон U-17 дар дидори аввали хеш бо Юнон як имтиёз ба даст оварданд. Ин вохӯрӣ дар доираи мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Валентин Гранаткин, ки дар шаҳри Санкт-Петербург ҷараён дорад, сурат гирифт. Қисми аввали бозӣ пурра бо афзалияти бештари футболбозони Юнон доир шуда, се дафъа Шоҳрух Қирғизбоев ба дарвозааш гол сар дод. Дар ҷавоб як маротиба Шарифбек Раҳматов (дақ 33) муаллифи гол шуд. Дар қисми дуюми рақобат наврасони тоҷик бозии куллан дигарро нишон дода, се дафъа дарвозаи ҳарифро рахна карданд. Рустам Соиров (63 пен, 70) ва Ислом Зоиров (67) ба задани гол даст ёфтанд. Дидори навбатии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон 7-уми июн бо тими Қирғизистон доир мешавад. 

Ҷоми Валентин Гранаткин-2019 
 
Гуруҳи "B"

Юнон (U-18) - Тоҷикистон (U-17) 4:4 
голҳо: Константинос Тумианис (10) 1:0, Шарифбек Раҳматов (33) 1:1, Николаос Митчелис (42) 2:1, Тимас Панайотис (44) 3:1, Рустам Соиров (63) 3:2, Йоанис Тсакирис (66) 4:2, Ислом Зоиров (67) 4:3, Рустам Соиров (70) 4:4. 

Юнон: Иоаннис Сурдис (Кристос Мандас 73), Наколаос Атнасиус ( Панайотис Тсакалидис), Стилианос Коковас ( Георгиос Гогос), Николаос Митчелис (Эмануэль Арванитис), Александрос Кардарис, Константинос Тумианис, Георгиос Вракаc, Михаил Тселиос (Кристос Вутсас), Георгиос Фекас (Иоаннис Факис), Теодорос Пурнарас (Иоанниc Тсакирис),
 Панайотис Тимас (к)

Тоҷикистон: 16 Шохрух Кирғизбоев, 5. Шахром Назаров, 25. Асадбек Зиёзода (17. Умеҷон Холиқов),  2. Ҷонибек Шарипов, 11. Шохрух Сангов, 8. Нидоёр Забиров, 14. Шарифбек Рахматов  (24. Шуҳрат Элмуродов) (64), 20. Озодбек Панҷиев(19. Иброҳим Зокиров), Меҳробҷон Азимов (13.Амадони Камолов) (46), 10. Ислом Заиров  (3.Парвиз Хоҷиев) (87) 9. Рустам Соиров

Довар: Андрей Фонсенко (Русия)

Варзишгоҳ: «Турбостроител» Санкт-Петербург, 300 тамошобин

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив