LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон U-17 нахустин тамрини худро дар Бразилия доир кард

Нимаи дуюми рӯзи 18-уми октябр бо вақти Сан-Паулуи Бразилия футболбозони навраси тоҷик нахустин тамрини худро доир карданд. Тамрини нахустини футболозони мо дар майдони тамринии яке аз бошгоҳҳои маъруфи футболии Сан-Паулу “Палмейрас” сурат гирифт. Зайниддин Раҳимов бо дарназардошти роҳи дуру дарозро тай карда омадани баччаҳо дар ҷараёни тамрини аввал танҳо ба машқҳои барқарорсозии бадан таваҷҷуҳ карда дар ним соати охир ба онҳо иҷозат дод то бо тӯб кор кунанд. Тамрини рӯзи якум ҳудуди якуним соат идома ёфт.

Оҳиста-оҳиста ҳайати тими милли наврасони то 17 солаи Тоҷикистон худро ба муҳит ва иқлими нав мутобиқ карда истодаанд. Дар баробари машқу тамрин дар майдон инчунин тибқи нақшаи ҳамарӯза баргузории машғулиятҳои назариявӣ ва машқ дар толори варзишиву дигар тамринҳои даркорӣ низ ба барномаи машғулияти рӯзонаи баччаҳои мо ворид шудааст то ҳамаҷониба ба бозиҳои миҳими дар пеш буда омода шаванд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив