LIVE

Нахустин тамрини мунтахаби Тоҷикистон дар Аҳмадобод

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дирӯз барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» ба шаҳри Аҳмадободи Ҳиндустон сарфар кард, нахустин тамринҳои хешро баргузор намуд. Ёдовар мешавем, ки нахустин бозии худро шогирдони Усмон Тошев дар мусобиқаи «Hero Interсontinental Cup 2019» рӯзи 7-уми июл бар зидди тими Ҳиндустон баргузор мекунанд. Дар даври дуюм футболбозони тоҷик бо мунтахаби Кореяи Шимолӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Бозии ниҳоии хешро мунтахаби кишвар санаи 15-уми июл бо дастаи Сурия доир менамояд. Мусобиқа дар системаи даврӣ баргузор шуда, дар як давр ҳар як мунтахаб байни ҳамдигар бозӣ анҷом медиҳанд. Ҳамин тавр рӯзи 19-уми июл ду дастаи беҳтарин дар финал вомехӯранд. Ҳамаи бозиҳо дар варзишгоҳи “ЕКА Arena”-и шаҳри Аҳмадобод соати 19:30 бо вақти Душанбе баргузор мешаванд. Иштирок дар мусобиқаи «Hero Interсontinental Cup 2019» барои мунтахаби Тоҷикистон як марҳилаи омодагӣ ба даври дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ба шумор меравад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив