LIVE

Тамрини якуми футболбозони тоҷик дар Витория

То оғози чемпионати ҷаҳон дар Бразилия соатҳои башумор боқӣ мондааст. 25-уми октябр футболбозони тоҷик дар шаҳри Витория-Кариасика, ки яке аз шаҳрҳои мизбони қаҳрамонии ҷаҳон аст,   тамрини нахустини хешро доир карданд. Пас аз омадан ба макони бозиҳои даври гурӯҳии хеш дар Чемпионати ҷаҳон ҳайати Тоҷикистон дар маркази барқарорсозиву варзишии “АЕРТ” нахустин тамрини худро барпо кард. 
Ҳамаи 21 футболбози ҳайат, бо шумули Муҳриддин Ҳасанов ва Ислом Зоиров, ки дар машқҳои охирини Сан-Паулу дар алоҳидагӣ тамрин карда буданд, имрӯз дар ҳайати умумӣ иштирок намуданд. 
Ҳар як футболбоз муҳимитяи ин рӯйдоди варзиширо дар ҳаёти хеш хело хуб дарк мекунанд. Бо дарки ҳамин масъулияти бузург футболбозон рӯз ба рӯз тамринҳоро зиёд карда, бо рӯҳияи хуб ва кӯшишҳои хастагинопазир тайёриҳоро ба мундиал ба нуқтаи ниҳоӣ расонида истодаанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив