LIVE

Футболбозони тоҷик ба макони бозиҳои гурӯҳии ЧҶ-2019 омаданд

Пас аз қуръакашии чемпионати ҷаҳон миёни футболбозони наврас шаҳри Витория Бразилия макони бозиҳои даври гурӯҳии миллипӯшони тоҷик қарор гирифт. Пас аз ҷамъбасти ҷамъомади таълимиву тамринии як ҳафтаина дар Сан-Паулу бозигарони мо бегоҳии 24-уми октябр озими шаҳри Витория маркази иёлоти Сент-Эспириту шуданд. Намояндагони кишвари мизбон ҳайати моро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Сипас бо роҳанамоии пулис ҳайати Тоҷикистон роҳ пеш гирифт ҷониби меҳмонхонаи “Golden Tulip Porto Vitoria”, ки макони буду боши бозигарони мо дар рафти бозиҳои гурӯҳии чемпионати ҷаҳон-2019 миёни наврасон аст. Бозии нахустини худро шогирдони Зайниддин Раҳимов рӯзи 28-уми октябр муқобили ҳамсолони худ аз Камерун доир мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив