LIVE

Дарвозабони “Краснодар” шомили ҳайати рамзии Лигаи Аврупо-2018/19

Сомонаи Football Talent Scout, ки аслан аз маҳорати футболбозони  ҷавон баҳогузорӣ менамояд, фарзияи хешро дар мавриди ҳайати рамзии Лигаи Аврупо дар анҷоми мавсими солҳои 2018-19 нашр кардааст. Дар руйхати сомонаи мазкур футболбозони то 21 сола шомил гардидаанд, ки яке аз онҳо дарвозабони бошгоҳи футболи «Краснодар» Матвей Сафонов мебошад.
 Ҳайати пурраи рамзии яккачини Лигаи Аврупо аз рӯи фарзияи Football Talent Scout бошад чунин аст:  Матвей Сафонов («Краснодар»), Виталий Миколенко («Динамо» Киев), Жюл  Кунде «(Бордо»), Эван Ндика («Айнтрахт»), Мерт Мюлдюр («Рапид»), Маттео Гендузи (Арсенал»), Ханнес Волф («Ред Булл Залсбург»), Каллум Хадсон-Одои («Челси»), Исмаила Сарр («Ренн»), Жоау Фелиш «(Бенфика»), Патрик Кутроне («Милан»).
Ёдовар мешавем.ки Сафонов дар мавсими сипаришудаи Лигаи Аврупо панҷ маротиб ба майдон омада, дар ин масир шаш гол аз дарвозааш берун овардааст. Дар чемпионати Россия бошад ин дарвозабони 20-сола 14 дидор ва ҳашт голи сардодашуда дар омор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив