LIVE

Дастпарвари бошгоҳи “Барселона” ба Тоҷикистон меояд

Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, санаи 15-уми октябр мунтахабҳои Тоҷикистон ва Ҷопон дар доираи рақобатҳои марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 бо ҳам неру месанҷанд. Дирӯз сомонаи расмии Федератсия футболи Ҷопон хабар дод, ки сармураббӣ - Хадзимэ Мориясу бо худ 23 шогирдашро ба ватани офтобии мо меорад. Дар байни ин футболбозон бозигари  бошгоҳи “Реал Мадрид” Такефуса Кубо, ки айни замон дар дастаи дигари испанӣ “Малорка” ба таври иҷора бозӣ мекунад, ҳузур дорад. Хотиррасон мекунем, ки Кубо дар ҷаҳони футбол бо исми “Месси ҷопонӣ” машҳур аст. Ӯ дастпарвари академияи “Барселона” буда, тобистони ҳамин сол ба дастаи “Реал” гузариш намудааст. Ҳаводорон ва алоқамандони тоҷик аз ҳамаи шумо даъват ба амал меорем, ки санаи 15-уми октябр ба Варзишгоҳи марказии ш. Душанбе ташриф оварда, яккачини кишварро дастгирӣ намоед. Иштироки футболбози 12-ум дар бозӣ хеле муҳим мебошад!

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив