LIVE

Расман: «Реал» Мессии ҷопониро харидорӣ кард

Ниммуҳофизатгари ҷопонии бошгоҳи «ФК Токио» - Такефуса Кубо корномаи варзишиашро дар «Реал» идома медиҳад. Дар ин бора хадамоти матбуоти бошгоҳи шоҳона иттилоъ медиҳад. Шавқовараш ҳамин аст, ки Кубо дастпарвари академияи “Барселона” буда, аз соли 2011 то соли 2015 дар онҷо тамрин намудааст. Маблағи гузариши Месси ҷопонӣ ба ҳайати “гаразмониҳ” рӯшан нест, вале дар сарчашмаҳо менависанд, ки мадридиҳо барои харидории Кубо 2 млн евро пардохт намудаанд. Дар мавсими хотимаёфта футболбози 18 сола 17 бозӣ гузаронида, ба задани 5 гол даст ёфтааст. Санаи 9-уми иню Кубо дар ҳайати мунтахаби Ҷопон нахустин бор вориди майдон шуд. Хотиррасон мекунем, ки Кубо дар ҷаҳони футбол бо номи Месси ҷопонӣ машҳур аст. Сар аз мавсими оянда Месси ҷопонӣ рақобатҳоро дар бошгоҳи “Реал Мадрид Кастиля” шуруъ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив