LIVE

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро якҷоя дастгирӣ мекунем!

Аз 2 то 6 октябри соли ҷорӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни дастаҳои мунтахаби миллии ҷавонони зери 19-сола баргузор мешавад. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар гурӯҳи «С» рӯзи 2 октябр бо мунтахаби ҷавонони Ҷазираҳои Малдив, рӯзи 4 октябр бо тими Лубнон ва рӯзи 6 октябр бо мунтахаби ҷавонони Сурия бозӣ мекунад. Мо, ҳама мухлисони футболро ба варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барои дастгирии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон таклиф менамоем. Ташрифи шумо ба футболбозонамон нерӯву тавони иловагӣ мебахшад!!! 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив