LIVE

Мунтахаби Эрон – ғолиби Чемпионати CAFA-2019

Шоми 15 август дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе даври охири Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни ҷавонони то 19-сола доир гардид. Барои Ҷоми мусобиқаи мазкур тимҳои Тоҷикистон ва Эрон андари майдон шуданд. Бозӣ мусовӣ (1:1) ба анҷом расид. Ҷавонони тоҷик зери роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов бозии хубу диданиро ба мухлисон нишон доданд. Қисми аввали бозӣ бо пешсафии ҷавонони тоҷик ба анҷом расид. Голро Рустам Соиров дар дақиқаи 39-ум вориди дарвозаи эрониҳо намуд. Баъди аз майдон хориҷ шудани Манучеҳр Сафаров, сардори дастаи Тоҷикистон ҷавонони тоҷик муқобили ҳамтоёни эронии худ як нафар кам майдондорӣ карданд. Дар дақиқа 80-уми бозӣ Маҳдӣ Ҳошиминажод Раҳимободӣ ҳисоби бозиро баробар намуд. Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби ҷавонони Эрон бо ба даст овардани 10 хол ғолиби Чемпионати CAFA-2019 гардид. Медалҳои нуқра бо 8 хол насиби дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон шуд. Ҷои сеюмро тими ҷавонони Ӯзбекистон баъди ғалаба бар дастаи Туркманистон (2:0) бо 5 хол ишғол намуд. Дар маросими тантанавии ҷамъбасти Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ғолибон ва ҷоизадорон бо медалҳо сарфароз гаштанд. Ҷоизаи “Бозии одилона” насиби дастаи Эрон шуд. Беҳтарин нишонзан ҳамлагари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Шаҳром Самиев (4 гол) гардид. Дарвозабони дастаи мунтахаби Эрон Амир Ҳусайн Некпур, ки ҳамагӣ як гол ба дарвозааш сар додааст, арзишмандтарин бозингари мусобиқа дониста шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив