LIVE

Се имтиёзи мушкили "Барселона" дар "Камп Ноу"

Дар рақобатҳои даври 6-уми Ла Лига бошгоҳи футболи “Барселона” дар хонааш бо тими “Вилярреал” вохӯрӣ намуд. Дар ин мавсим мо нахустин бор сегонаи хати ҳамлаи “Барселона” Месси, Суарес ва Гризманнро дар ҳайати асосӣ мушоҳида намудем. Бозии тимҳо ҷолибу пуршиддат баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 ба нафъи “нилунориҳо” хатм шуд. Гарчанде, ки дар ин бозӣ каталониҳо пирӯз шуда бошанд ҳам, аммо аз тарафи дигар мушкилии дигар бар онҳо пеш омад. Сарвони “Барселона” Лео Месси, ки навакак осебашро барқарор намуда буд, боз дар қисми якуми ин дидор ҷароҳат бардошта, майдонро тарк намуд. Баъди ин муваффақият каталониҳо бо касби 10 имтиёз ба зинаи 4-уми ҷадвал роҳ ёфтанд. Дар даври навбатӣ “Барселона” дар меҳмонӣ бо тими “Хетафе” бозӣ мекунад. Иштироки Месси дар ин майдондорӣ зери суол аст. 
Чемпионати Испания. Даври 6-ум
«Барселона» — «Вилярреал» — 2:1 (2:1)
Голҳо: Гризманн, 6 (1:0). Артур, 15 (2:0). Касорла, 44 (2:1).
«Барселона»: тер Штеген, Семеду, Пике, Лангле, Фирпо, Бускетс, Артур, Сержи Роберто (де Йонг, 63), Месси (Дембеле, 46), Суарес (Фати, 78), Гризманн.
«Вилярреал»: Серхио Асенхо, Пеня, Албиол, Пау Торрес, Кинтиля, Чиквуэзе, Замбо, Иборра, Касорла (Бакка, 77), Онтиверос (Токо-Экамби, 57), Морено (Мойсес Гомес, 68).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив