LIVE

Бохти «Барселона» дар меҳмонӣ

Ла Лигаи Испания баъд аз тавақуффи ду моҳа боз ба рӯи экранҳои мову шумо баргашт. Бо бозӣ байни бошгоҳҳои “Атлетик Б” ва “Барселона” мавсими нави Ла Лига оғоз шуд. Набарди ин ду даста, ки онро Эл-класико ном мебаранд, дар варзишгоҳи «Сен-Мамес» баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба суди мизбонон хатм шуд. Ягона тӯби ин дидорро ҳамлавари 38 солаи мизбонон Аритс Адурис бо усули қайчӣ таслими дарвозаи “Барселона” намуда, пирӯзии тимашро таъмин намуд. Дар ин майдондорӣ бозии “нилунориҳо” хеле заифу нотавон буд, чаро ки ҳар лаҳза онҳо идораи тӯбро аз даст медоданд. Хотиррасон мекунем, ки дар ин вохӯрӣ сарвони “Барселона”- Лео Месси бар илати хуб набудани саломатиаш иштирок надошт. Коршиносони футбол низ “Барселона”-ро бидуни Месси чун тифлаки бе модар арзёбӣ намудаанд. Дар даври оянда “Барселона” санаи 25-уми август дар хонааш тими “Бетис”-ро қабул мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив