LIVE

No Messi no party

“Барселона” имрӯз бидуни Месси бозиашро дар даври сеюми Ла Лига бар муқобили “Осасуна” бо натиҷаи мусовӣ анҷом дод. Ҳануз дар дақиқаи 7-ум каталониҳо ба дарвозаашон гол сар доданд. Қисми аввали бозӣ бо ҳамин ҳисоб анҷом ёфт. Дар оғози қисми дуюми дидор  Ансу Фатии 16 сола вориди майдон шуда, дар дақиқаи 51-ум ҳисобро баробар карда, нахустин голашро дар “Барселона” ба самар расонид. Дар дақиқаи 53-ум бошад, Артур вориди майдон шуда, натиҷаро 2:1 намуд. Чунин ба назар мерасид, ки “Барселона” пирӯз мешавад, вале Ойер Торрес аз пеналти ҳисобро баробар кард.
Даври 3-юм
«Осасуна» — «Барселона» — 2:2 (1:0)
Голҳо: Торрес, 7 (1:0). Фати, 51 (1:1). Артур, 64 (1:2). Торрес, 81 —пеналти (2:2).
«Осасуна»: Мартинес, Н.Видал, Эрнандес, Дав.Гарсия, Эступинян, Торрес, Ойер, Мерида (Монкайола, 71), Р.Гарсия (Ибанйес, 65), Авила, Брандон (Виляр, 78).
«Барселона»: тер Штеген, Семеду (Фати, 46), Пике, Лангле, Жорди Алба, Сержи Роберто, Бускетс, де Йонг (А.Видал, 82), Рафиня (Артур, 53), Гризманн, Перес.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив