LIVE

Фернандо Торрес аз футбол рафт

Собиқ ҳамлавари бошгоҳҳои “Челси”, Ливерпул”, “Атлетико Мадрид” ва мунтахаби Испания Фернандо Торреси дастон баъд аз 18 соли ҳунарнамоӣ дар футбол, бо ин варзиши рақами якуми сайёра видоъ гуфт. 

"Баъди 18 солаи пурсамар дар риштаи футбол, имрӯз ман ба хулосае омадаам, ки ба корномаи варзишиям нуқта гузорам”, - навиштааст футболбоз дар саҳифаи твиттераш. 

Айни ҳол Торрес дар бошгоҳи “Саган Тосу”-и Ҷопон фаъолият карда истодааст. Дар мавсими гузаштаи Ҷей-лигаи Ҷопон футболбози 35 солаи испанӣ дар 7 бозӣ вориди майдон шудааст. Торрес дар ҳайати “Челси” ғолиби Лигаи Чемпионҳо, Лигаи Аврупо, ва Ҷоми Англия гардидааст. Дар ҳайати тими миллии Испания бошад, соли 2010 қаҳрамони ҷаҳон шуда, солҳои 2008 ва 2012 нишони тиллои Чемпионати Аврупоро ба гардан овехтааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив