LIVE

Аргентина барандаи медали биринҷии Ҷоми Амрико-2019

Мусобиқаи Ҷоми Амрико-2019 низ ба нуқтаи ниҳоии худ наздик аст. Дирӯз барои ишғоли зинаи сеюм мунтахабҳои Аргентина ва Чили вориди майдони набард шуданд. Вохӯрии дастаҳо дар шаҳри Сан-Паулуи Бразилия баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 ба суди Аргентина хотима ёфт. Ҳанӯз дар дақиқаи 12-уми дидор Серхио Агуэро партофти ҷодувонаи Мессиро ба гол табдил дода, Аргентинаро ба пеш баровард. Баъд аз гузашти даҳ дақиқа Пауло Дибала имконияти аргентиниҳоро дучанд кард. Дар дақиқаи 37-уми майдондорӣ Лео Месси ҳангоми бархурд бо футболбози Чили - Гари Медел довари бозӣ ҳардуро мустақиман бо корти сурх муҷозот намуда, аз идомаи рақобат бенасиб кард. Дар қисми дуюми вохӯрӣ довар ба дарвозаи Аргентина зарбаи пеналти таъйин кард, ки тӯбро Артуро Видал бе хато иҷро намуда, ҳисобро 2:1 кард. Ҳамин тавр бозӣ бани тимҳо бо ҳисоби 2:1 ба суди Аргентина хотима ёфт. Аргентина дар Ҷоми Амрико-2019 барандаи медали биринҷии гардид. Хотиррасон мекунем, ки Месси ба маросими ҷоизасупорӣ барои гирифтани медали биринҷии Ҷоми Амрико-2019 ба майдон набаромад. Сабабаш то ҳол норӯшан аст. Дар финал дастаҳои Бразилия ва Перу рӯ ба рӯ мешаванд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив