LIVE

Бразилия Ҷоми Амрико-2019-ро бо ғалаба оғоз кард

Маросими кушодашавии 46-умин Ҷоми Амрико оид ба футбол дар Сан-Паулуи Бразилия бо иштироки мунтахабҳои Бразилия ва Боливия баргузор гардид. Мизбонон тавонистанд дар нахустин бозиашон дар гурӯҳи “А” мунтахаби Боливияро бо ҳисоби 3:0 мувоҷеҳи шикаст намуд.  Қисми аввали дидор бидуни гол хотима ёфт. Дар қисми дуюми дидор бошад, аниқтараш дар дақиқаи 50-ум Филиппе Коутиню аз зарбаи ҷаримавии 11-метра ҳисобро кушод. Дере нагузашта худи ӯ бо партофти Роберто Фирминю голи дуюмро ҳам ба самар расонид. Нуқтаи ниҳоии ин бозӣ аз ҷониби Эвертон гузошта шуд. Мавсуф дар дақиқаи 85-ум ҳисобро 3-0 кард. 46-уми Ҷоми Амрико оид ба футбол имрӯз 15-уми июн шуруъ шуда, то санаи 7-уми июл идома меёбад.

Копа Америка - 2019. 

Гурӯҳи А

Бозии 1-ум 

Бразилия 3:0 Боливия 

Голҳо: Коутиню 50 (пеналти). Коутиню 53, Эвертон 85.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив