LIVE

"Бавария" аз ҷониби мураббии дигари испанӣ ҷавоби рад гирифт

Мураббии собиқи дастаҳои “ПСЖ”, “Арсенал” ва “Виляррреал” Унаи Эмери   бо  “Астон Вилла” мӯҳлати шартномаашро дароз кард ва “вилланҳо” дар бораи мавриди тамдидкунии шартнома бо мураббии хеш расман эълон карданд.  Бино ба маълумоти дастаи футболӣ аз Бирмингем шартномаи нави “Астон Вилла” бо Эмери то тобистони соли 2027 мӯҳлат дорад.  Эмери аз моҳи октябри соли 2022 мураббӣ буда, касе дар ин тим аз кораш норозӣ нест.   Унаи  Эмери бар замми қарор доштан бо тимаш дар мақомҳои болоии ҷадвали чемпионат боз зидди дастаҳои қавии англисӣ ҳам рақобати созгор нишон медиҳад.  Дар ҷадвали ПЛА  “Астон Вилла” бо 66 хол дар зинаи чорум қарор дошта, аз Тоттенхэми зинаи панҷум шаш холи бештар дорад.   Вилланҳо ҳамчунин дар даври ниманиҳоии Лигаи конференсияҳо бо “Олимпиакос” баҳри роҳхати финалӣ мубориза мебаранд.
Ёдовар мешавем, ки пеш аз  “Астон Вилла” Унаи Эмери   бо  “Вилярреал” кор мекард ва то ба пирӯзӣ дар Лигаи Аврупо расидагӣ буд. Ин мураббӣ ҳамчунин дар Лигаи Аврупо бо “Севиля” се маротиба қаҳрамон шуда буд. Мавсими 2018/2019 бо ПСЖ қаҳрамони Фаронса, ду маротиба ғолиби Ҷоми Фаронса ва ду маротибаи Суперҷоми Фаронсаро тори сар бардошт.    

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив