LIVE

"Астон Вилла" ҷойгузини Ҷеррардро ёфт

Мутахассиси 50 солаи испанӣ Унаи Эмери сармураббии дастаи “Астон Вилла” таъйин шуд.  Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳ хабар додааст.
Ҷузъиёти ин қарордод то ҳол маълум нест, аммо ба гуфтаи манобеи ғайрирасмӣ, Эмери дар як сол 7 миллион евро дарёфт хоҳад кард. Эмери метавонад аз 1 –уми ноябр,  вақте ки иҷозатномаи кор дар Англия эътибор пайдо мекунад, ба кор шуруъ кунад.
Ҳоло бошгоҳи «Астон Вилла» дар зинаи  14-уми ПЛА  қарор дорад ва ба наздикӣ  онҳо Стивен Ҷеррардро  аз симмати  сармураббӣ  барканор карда буданд.
Эмери аз соли 2018 то соли 2019 дар ҳайати “Арсенал” дар Премйер-Лига кор кардааст. Охирин дастаи Эмери «Вилярреал» буд, ки бо он соли 2021 ғолиби Лигаи Аврупо шуда буд.
Эмери тобистони соли равон «Вилярреал»-ро тарк кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив