LIVE

Унаи Эмери бори панҷум дар финали Лигаи Аврупо

“Вилярреал” пас аз мусовӣ бо “Арсенал” дар бозии ҷавобии даври ниманиҳоӣ ба финали Лигаи Аврупо баромад. Барои сармураббии клуби испанӣ Унаи Эмери финали навбатӣ панҷумин дар фаъолияти мураббигии ӯ хоҳад буд. Дар бозии аввал “Вилларреал” бо ҳисоби 2:1  пирӯз шуд ва дар бозии ҷавобӣ бо натиҷаи мусовии бидуни гол хотима ёфт. Дар бозии ҳалкунанда “Манчестер Юнайтед” ва “Вилярреал” вомехӯранд. Мутахассиси испанӣ се маротиба пай дар пай, аз соли 2014 то 2016 дар финали Лигаи Аврупо бо  Севиля ғалаба кардааст. Соли 2019 Эмери бо “Арсенал” ба финал баромад, аммо дастааш аз “Челси” шикаст хурд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив