LIVE

Унаи Эмери дубора ба Испания баргашт

Дастаи “Вилярреал” дар сомонаи расмии худ дар бораи бастани қарордод бо мураббии испанӣ Унай Эмери хабар дод. Созишномаи мутахассис бо клуби мазкур барои се мавсим - то тобистони соли 2023 пешбинӣ шудааст. Мураббии кордони испанӣ дар мақоми сармураббии тими “Виллярреал” -  Хавйер Калехуро, ки се рӯз қабл аз мақомаш барканор карда шуд,  иваз кард.  Клуби охирини Эмери "Арсенал" -и Лондон буд, ки пас аз якуним соли фаъолият, соли гузашта аз мақомаш озод карда шуд. Дар тӯли фаъолияти мураббигии худ, Унай инчунин бо дастаҳои «Севиля» ва «Валенсия» низ  кор кардааст. Соли 2012 мураббии «Спартак» -и Маскав низ буд. "Вилярреал" чемпионати Испанияро бо ишғоли мақоми панҷум ҷамъбаст намуд ва дар соли оянда дар Лигаи Аврупо баромад мекунад.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив