LIVE

Эмери пешниҳоди дастаҳои итолиёвиро интизор аст

Мутахассиси испанӣ - Унай Эмери иброз доштааст, ки барои қабули пешниҳодҳо аз ҷониби тимҳои футболи итолиёвӣ омодааст. 
“Қаблан якчанд даста аз ин кишвар мақсади ҳамкорӣ бо ман доштанд, аммо бо сабабҳои гуногун ман натавонистам бо онҳо дар робита бошам. Ҳоло бошад, ман озодам ва барои кор омодаам. Ба чемпионати Италия таваҷҷуҳ дорам ва аз рӯи эҳтиром исми дастаҳое, ки қаблан ба ман пешниҳоди ҳамкорӣ карда буданд, ошкор намекунам”, иқрор шудааст, Эмери ба сомонаи Tutto Juve.
Бори охир Эмери сармураббии дастаи «Арсенал» буд, ки бо ин тими лондонӣ аз моҳи июли соли 2018 то моҳи ноябри соли 2019 кор кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив