LIVE

“МЮ” ва “Виляреал” дар финали Лигаи Аврупо

Иштирокчиёни финали Ҷоми Аврупо УЕФА дар мавсими 2020/21 маълум гаштанд. Дар бозии ҳалкунанда дастаҳои “Манчестер Юнайтед” бо “Виляреал” қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Дар даври ½ ниҳоии ин ҷоми футболи аврупоӣ “Манчестер Юнайтед” дар бозии дуввум бо ҳисоби 2-3 ҳарчанд бозиро бохт, аммо бо ҳисоби умумии 8-5 ғолиб омад. Ҳарчанд римиҳо бо ҳисоби 3-2 камбек намуда, бозии зебо нишон доданд, аммо “МЮ” аллакай дар бозии аввал кори худро карда буду ҳисоби 6-2 худ баёнгари роҳхати финали шогирдони Сулшер ба ҳисоб мерафт.

“Виляреал” бошад, дар бозии ҷавобии даври ½ ниҳоӣ бо тими лондонии “Арсенал” мусовии бидуни гол анҷом дод, аммо чун дар бозии аввал ҳисоб 2-1 ба фоидаи испаниҳо буд, дастпарварони Унаи Эмериро натиҷаи мусовӣ бароҳат ба финал бурд. Ин барои дастаи “Виляреал” нишондоди бузург маҳсуб гашта, онҳо бори аввал дар таърихи мавҷудияти бошгоҳ ба чунин дастоварди бузург, роҳ ёфтан ба финали мусобиқаи футболи аврупоӣ мушарраф гаштанд. Аммо барои сармураббии бошгоҳ Унаи Эмери бошад, ин дафъаи панҷум аст, ки ба финал роҳ меёбад ва аз панҷ дафъа, ӯ се дафъа пирӯзиро ба даст овардааст. Эмери дар мавсимҳои 2013/14, 2014/15, 215/16, 2018/19 ва 2020/21 финалисти ин ҷоми бонуфузи аврупоӣ бо дастаҳои гуногун гаштааст, ки дар таърихи ин мусобиқа бесобиқа буда, рекорди нав ба ҳисоб меравад.

Финали Ҷоми Аврупо УЕФА 2020/21 рӯзи 26 май, дар майдони “Энерга Гданск” – и шаҳри Гдански Лаҳистон баргузор мегардад. Қаҳрамони кунунии ин мусобиқа дастаи “Севиля” маҳсуб меёбад, ки ин мавсим аз дастаи “Интер” – и шаҳри Милани Италия бо ҳисоби 3-2 мағлуб гашта, натавонист ба даври дигар роҳ ёбад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив