LIVE

Рекорди нави Кавани ва натиҷаи бозиҳои даври 1/2 ниҳоии Лигаи Аврупо

Дар бозии аввали даври ½ ниҳоии Лигаи Аврупо “Манчестер Юнайтед” дар “Олд Траффорд” дастаи римии “Рома”-ро қабул намуд. Бозии мазкур бо ҳисоби бузурги 6-2 ба суди шогирдони Сулшер анҷом ёфт. Дар ин дидор, Кавани ва Бруну Фернандеш ба номи худ ду голиро сабт намуда, Погба ва Гринвуд бошад, як голии дигарро аз ҳайати мизбонон ба самар расониданд. Аз ҳайати “Рома” бошад, Паллегрини ва Эдин Джеко ду голи дастаашонро ба самар расониданд. Қаҳрамони ин дидор бозингари уругвайӣ Эдисон Кавани ба ҳисоб меравад, ки ба ҷуз ду голи задааш боз ду партоби дигари головарро низ анҷом дод. Дирӯз дар рӯзи ин дидор, Кавани 34 солаву 74 рӯза буда, аввалин бозингаре калонсоле гашт, ки дар бозиҳои ҷомҳои аврупоӣ 2+2 (ду голу 2 партоб) насибаш гаштааст. Ӯ бо ин нишондоди худ, аз ҳамлаварони “Бавария” Роберт Левандовски ва “Барселона” Лионел Месси, ки бо ин нишондод дар синни 31-солагӣ рекорд гузошта буданд, нав намуда, рекорди навро гузошт.

Бозии ҷавобии ин ду даста, рӯзи 6 май дар майдони “Олимпиако”-и шаҳри Рим баргузор мегардад, вале бо эҳтимоли зиёд аллакай “Манчестер Юнайтед”-ро метавон гуфт, ки дар финал ғолиби рақобати дигари нимниҳоии Лигаи Аврупо – “Виляреал” ва ё “Арсенал” интизор аст.

Бозии дигари ин давр, байни дастаҳои “Виляреал” – “Арсенал” бошад, бо ҳисоби 2-1 ба суди шогирдони Унаи Эмери сурат гирифт. Голҳои мизбононро Тригерос дар дақиқаи 5-ум ва Раул Албиол дар дақиқаи 29-ум ба самар расонида,аз ҷониби меҳмонон бошад, ягона голро дар дақиқаи 73-юм Пепе аз пеналтӣ ба анҷом расонид.

 Ҷолибии ин дидор дар он буд, ки сармураббии нави дастаи испании “Виляреал” собиқ сармураббии дастаи “тӯпчиён” Унаи Эмери буда, дидори деринтизор ба шумор мерафт. Бозии ҷавобии ин даста, рӯзи 6 май дар майдони “Эмиретс” – и шаҳри Лондон сурат мегирад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив