LIVE

Бозии рӯз дар ТВ “Футбол”: «Реал» - «Бавария»

Шаби 8-ум ба 9-уми майи соли равон дар доираи бозии ҷавобии марҳилаи ниманиҳоии Лигаи чемпионҳо «Реал» дар варзишгоҳи «Сантяго Бернабеу» «Бавария»-ро қабул мекунад. 
Лигаи чемпионҳо. 1/2 ниҳоӣ. Бозии 2-юм
09-уми майи соли 2024, панҷшанбе. 00:00 ДШБ
Реал Мадрид (Испания) – Бавария (Мюнхен, Олмон)
Бояд қайд намуд, ки дар бозии аввал миёни ин тимҳо дастаҳо бо натиҷаи 2:2 аз майдон берун шудаанд ва бори дигар нишон доданд, ки рақобат миёни ин тимҳо ҳама вақт ҷолиб  сурат мегирад.
Бархӯрдҳои таърихӣ миёни бозигароне чун  Тони Кроос, Давид Алаба ва Карло Анчелотти бо дастаи собиқашон иттифоқ меафтад! Ҷолиб аст, ки ҳар сеи ин бозигарон айни ҳол на дар шаҳри  Мюнхен, балки дар шаҳри Мадрид мебошанд. Ба самти муқобил аз ҳайати кунунӣ то ҳол касе нарафтааст.
Хуллас, ки бозӣ миёни ин ду абардастаи аврупоиро баҳри дастрасӣ ба роҳхати дуюми финалии Лигаи Чемпионҳо ба таври мустақим шабакаҳои телевизионии  «Футбол» ва «Варзиш» манзури бинандагон мегардонанд.

Next Post

Комментарии 1

Давлат
Давлат от 9 мая 2024 00:40
[spoiler][/spoiler]

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив