LIVE

Бозии рӯз дар ТВ “Футбол”: «ПСЖ» — «Боруссия»-и Дортмунд

Дар бозии аввали марҳилаи ниманиҳоӣ дастаи олмонӣ зӯртар баромад, вале дар сафар албатта, ки барояш мушкилтар хоҳад буд.
Ҳамин тариқ, дар доираи бозии ҷавобии марҳилаи ниманиҳоии Лигаи Чемпионҳои УЕФА имшаб мо шоҳиди нахустин иштирокчии бозии финалӣ мешавем. Дар варзишгоҳи Парк де Пренси шаҳри Париж «ПСЖ» зидди «Боруссия»-и шаҳри  Дортмунд ба майдон мебарояд. 
Лигаи чемпионҳо. 1/2 ниҳоӣ. Бозии 2-юм
08-уми майи соли 2024, чоршанбе. 00:00 ДШБ
ПСЖ (Париж, Фаронса) – Боруссия (Дортмунд, Олмон) 
Қобили қайд аст, ки роҳ ба самти ниманиҳоиро ин дастаҳо ба таври мухталиф тай карданд.   «Боруссия» аз аввал чун дастаи фаворит ҳисоб карда намешуд, вале онҳо нахуст бо боварии бузург аз «гурӯҳи марг» баромаданд ва баъдан дар марҳилаи плей-офф дастаҳое ба мисоли ПСВ ва «Атлетико»-ро ноком карданд. «ПСЖ» дар навбати худ дар ин давр аввал «Реал Сосйедад»-ро шикаст дод ва баъдан зидди  «Барселона» шоу барпо кард. Ин тим баъди як шикасти хонагӣ бо як   камбэке дар Каталония  ба марҳилаи ниманиҳоӣ рафт.
Бозӣ миёни дастаҳои дортмундӣ ва парижиро ба таври мустақим шабакаҳои телевизионии   «Футбол» ва «Варзиш» манзури бинандагон мегардонанд.
Лигаи чемпионҳо. 1/2 ниҳоӣ. Бозии 2-юм
08-уми майи соли 2024, чоршанбе. 00:00 ДШБ
ПСЖ (Париж, Фаронса) - Боруссия  (Дортмунд, Олмон)
Бояд ёдовар шуд, ки тирамоҳи соли 2023 ҳардӯи ин дастаҳо дар як гурӯҳи Лигаи Чемпионҳо қарор доштанд ва он замон    дар шаҳри Париж  «ПСЖ» бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда буд.  Имрӯз низ чунин ҳисоби бозӣ баҳри баромадан ба финал басандагӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив