LIVE

 “Барселона” ба марҳилаи ¼-ниҳоии Лигаи Чемпионҳо роҳхат гирифт

Бозии ҷавобии марҳилаи ҳаштякниҳоии Лигаи Қаҳрамонҳои Аврупо миёни дастаҳои “Барселона” ва “Наполи” ба анҷом расид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Олимпико”-и шаҳри Барселона дар ҳузури 50 301 нафар мухлис баргузор гардида, бо ҳисоби 3 бар 1 ба фоидаи “каталониҳо” анҷом ёфт. Бозии аввали дастаҳо дар варзишгоҳи “Марадона”-и шаҳри Неапол бо ҳисоби 1 бар 1 анҷом ёфта буд ва бо натиҷаи бозии имрӯза “Барселона” ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ баромад.
Ҳисобро дар ҷараёни вохӯрӣ Фермин Лопес аз ҳайати “Барселона” дар дақиқаи 15-ум боз кард. Ирсоли головарро ба Лопеси 20 сола Рафиня таъмин намуд. Бо гузаро шудани 2 дақиқа Жоау Канселу голи дуюмро барои “Барселона” ба самар расонид. Ирсоли головарро боз Рафиня марбути номи хеш кард.
Дар дақиқаи 30-юми вохӯрӣ Амир Раҳмани аз ҳайати “Наполи” ба задани гол даст ёфт. Ирсоли головарро Маттео Политано анҷом дод. Дар дақиқаи 83-юми бозӣ аз паси головари Серхи Роберто истифода бурда, Роберто Левандовски голи сеюми “Барселона”-ро ба самар расонид. Бо ҳамин натиҷа вохӯрии дастаҳо анҷом ёфту, “Барселона” ба марҳилаи чаҳорякниҳоии Лигаи Қаҳрамонҳо роҳ ёфт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив