LIVE

“Вест Хэм” ғолиби Лигаи Конференсия шуд

Дар бозии даври ниҳоии Лигаи Конференсия дастаҳои “Фиорентина” ва “Вест Хэм” баҳри унвони қаҳрамонӣ мубориза бурданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Фортуна Арена”-и шаҳри Прага дар ҳузури 17 363 нафар мухлис баргузор гардид.
Ҳарчанд дар қисми дуюми бозӣ ҳам футболбозони “Фиорентина” дар идора кардани тӯб ва дигар оморҳо пешсаф буданд, лек лондониҳо имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода бурда, дар ҳисоб пешсаф шуданд.
Дар дақиқаи 62-юми бозӣ Муҳаммад Саид Бенраҳма аз пеналтӣ ҳисоби бозиро кушод. Бо гузаро шудани 7 дақиқа футболбозони “Фиорентина” ҳисобро баробар карданд.  Аз ирсоли головари Николас Гонсалес истифода бурда,  Ҷакомо Бонавентура голро ба самар расонид.
Дар дақиқаи 90-уми бозӣ аз ҳайати “Вест Хэм” – Ҷаррод Боуэн ба задани гол ноил гардид. Ин гол ғалабаи “Вест Хэм”-ро дар бозӣ муқобили “Фиорентина” таъмин кард.
Ҳамин тавр, бо гузаро шудани 43 сол дастаи “Вест Хэм” дигарбора дар мусобиқаҳои аврупоӣ ба гирифтани ҷоиза ноил гардид. Ҳамчунин, пас аз “Рома” дуюмин дастае шуд, ки дар Лигаи Конференсия муваффақ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки «Вест Хэм»  пас аз ғолибият дар  Лигаи Конференсия мавсими оянда дар Лигаи Аврупо бозӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив