LIVE

Шикасти «Истиқлол» аз «Ал-Раян» дар Лигаи Чемпионҳои Осиё

Дар доираи бозиҳои даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё бошгоҳи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо дастаи «Ал-Раян»-и Қатар андари майдони рақобат шуданд. Вохӯрии дастаҳо дар шаҳри Риёз доир шуда, бо ҳисоби 2:3 ба суди футболбозони «Ал-Раян» анҷом ёфт. 
Нахуст бо голи зебоӣ  ба самар расонидаи Шаҳром Сулаймонов дар дақиқаи 3-юми бозӣ футболбозони мо ҳисоби бозиро кушоданд. Бо гузаро шудани 5 дақиқа Ёсин Браими аз як ҳолати стандартӣ истифода бурда, натиҷаро мусовӣ кард. Дар идома ҳам ба футболбозони тими  «Ал-Раян» муяссар шуд, ки дар дақиқаи 44-уми бозӣ бо голи ба самар расонидаи Йохан Боли ба танаффус бароянд. Дар қисми дуюми вохӯрӣ Муҳаммад Исоев лигионери ӯзбек  аз ҳайати бошгоҳи «Истиқлол» тавонист, ки натиҷаро 2:2 баробар кунад. Футболбозӣ 28 солаи кот-д-иуварии дастаи «Ал -Раян» Йохан Боли дар дақиқаи 71- уми бозӣ маротибаи дуюм тавонист, ки тӯбро вориди дарвозаи Рустам Ятимов кунад ва ғалабаи дастаашро таъмин намояд. 
Ҳамакнун бозии ояндаи «Истиқлол» рӯзи 11-уми апрел соати 01:15  бо бошгоҳи «Ал-Шарҷа»-и АМА дар назар аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив