LIVE

Аввалин шикасти “Истиқлол” дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё

Дар доираи   бозиҳои даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои  Осиё дастаҳои "Ал-Ҳилол" ва "Истиқлол" андари майдони рақобат шуданд. Дар қисми аввали бозӣ футболбозони дастаи "Ал-Ҳилол" афзалиятро  ба даст гирифта, дар дақиқаи 39- ум бо голи задаи дифоъгар Али Ал- Булайхӣ пешсаф шуданд. Аммо бо гузаро шудани 2 дақиқа аз партофти головари Манучеҳр Ҷалилов истифода бурда, дифоъгари 20- солаи бошгоҳи "Истиқлол" - Ваҳдат Ҳаннонов тӯбро ба дарвозаи "Ал-Ҳилол" ворид намуда, таносуби бозиро баробар кард ва бо ҳамин натиҷа дастаҳо ба танаффус баромаданд. Қисми дуюми бозӣ барои бозигарони дастаи "Ал-Ҳилол" бобарор оғоз шуд. Дар дақиқаи 52- юми бозӣ ниммуҳофизатгари даста Ҳаттан Баҳебрӣ хати дарвозаи Рустам Ятимовро рахна кард. Бо сипари шудани 12 дақиқаи дигар Ҳаттан Баҳебрӣ  голи дуюмашро ба дарвозаи “Истиқлол” зада, натиҷаро 3:1 ба фоидаи тими "Ал-Ҳилол" намуд. Ҳарчанд футболбозони дастаи "Истиқлол" зиёд кӯшиш карданд, ки ба задани гол даст ёбанд,  вале муқобили се карата ҷоизадори Лигаи қаҳрамонҳои Осиё гол задан барояшон  гарон афтод. Дастаи "Ал-Ҳилол" бо ду пирӯзӣ ва як мусовӣ дар ҷадвали гурӯҳӣ А бо касби 7- имтиёз садрнишин мебошад. Бошгоҳи "Истиқлол" бо як мусовӣ, як пирӯзӣ ва як бохт бо доштани 4- имтиёз дар зинаи 2- юми ҷадвал қарор дорад. Ёдовар мешавем, ки дастаи "Истиқлол" дидори навбатиашро санаи 25- уми апрел боз  муқобили дастаи "Ал-Ҳилол" доир мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив