LIVE

"Истиқлол" афсонаро ба ҳақиқат табдил медиҳад

"Истиқлол"-и Тоҷикистон аввалин ғалабаи худро дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё ба даст овард. Шогирдони Виталий Федченко тими АГМК аз Ӯзбекистонро мағлуб карданд. Дар дақиқаи охири қисмати аввали дидор футболбози АГМК Йован Джокич тӯбро ба дарвозаи тими худ ворид намуд. Дар дақиқаи 55-уми бозӣ ҳамлагари "Истиқлол" Манучеҳр Ҷалилов голи дуюмро дар дидори мазкур ба самар расонид. Бо гузашти се дақиқа бозигари АГМК Зафар Полвонов як гол ба дарвозаи "Истиқлол" зад.  Дар дақиқаи 82-юми дидор  Муҳаммадҷон  Раҳимов ҳисобро 3 бар 1 гардонид. Дар дақиқаҳои охири рақобат аз ҷониби Зафар Полвонов дубл ба қайд гирифта, аммо "Истиқлол" тавонист бо ҳисоби 3 бар 2 ба пирӯзӣ даст ёбад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив