LIVE

"Истиқлол" ба бозиҳои гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳо омода аст

Дастаи фуболи “Истиқлол”-и Душанбе ҷиҳати иштирок дар бозиҳои  марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё (AFC)-2021 дар шаҳри Риёзи  Арабистони Саудӣ қарор дорад. Шаби гузашта,  “истиқлолиҳо”   таҳти роҳбарии Виталий Левченко   дар варзишгоҳи  ба номи Шоҳзода Файсал бин Фаҳда  тамринҳои худро доир карданд. Дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё (AFC)-202, ки рӯзҳои 14-30 апрели 2021 дар шаҳри Риёз баргузор мегардад, дастаи қаҳрамони Тоҷикистон – «Истиқлол»-и Душанбе бо дастаҳои «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ, «Шабоб Ал-Аҳлӣ»-и Амороти Муттаҳидаи Араб, «Ал-Ғарофа»-и Қатар ва «АГМК»-и Ӯзбекистон рақобат хоҳад кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив