LIVE

“Истиқлол” шомили гурӯҳи А-и Лигаи Чемпионҳои Осиё шуд

Қаҳрамони феълии Лигаи олии Тоҷикистон бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе ҳангоми қуръакашӣ дар сабади сеюм қарор дошт. Дар натиҷаи қуръакашӣ “Истиқлол” ба гурӯҳи “А” шомил шуда, бо дастаҳои “Ал Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ, “Шабоб Ал Аҳлӣ”-и АМА ва ғолиби ҷуфти “Ал Ғарафа” (Қатар) - “АГМК” (Ӯзбекистон) бозӣ мекунад. Даври гурӯҳии мусобиқаи асосии бошгоҳии Осиё дар минтақаи Ғарб аз 14-ум то 30-юми апрел ва дар минтақаи Шарқ аз 21-ум апрел то 7-уми май дар шакли мутамарказ баргузор мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив