Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 дар гурӯҳи “А” бо иштироки “Истиқлол”-и Душанбе дар Арабистони Саудӣ доир мешавад. “Истиқлол” дар як гурӯҳ бо дастаҳои “Ал Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ, “Шабоб Ал-Аҳли Дубай” ва ғолиби ҷуфти марҳилаи плей-офф миёни тимҳои “Ал-Ғарафа” (Қатар) – АГМК (Ӯзбекистон) бозӣ мекунад. Дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО қаҳрамони Тоҷикистон шаш вохӯрӣ доир мекунад. 15 апрел “Истиқлол” бо қаҳрамони Амороти Муттаҳидаи Араб-дастаи «Шабоб Ал-Аҳли Дубай» нерӯ месанҷад. Ёдовар мешавем, ки даври гурӯҳии мусобиқот дар минтақаи ғарбӣ аз 14 то 30 апрел, дар минтақаи шарқӣ бошад, аз 21 апрел то 7 май баргузор мешавад. 

