LIVE

“Истиқлол” бо қаҳрамони се каратаи ЛЧ-Осиё даст ба гиребон мешавад

“Ал-Ҳилол” ва “Истиқлол” талош мекунанд, ки дар садри ҷадвали гурӯҳи А мавқеи худро устувор намоянд. Ҳар ду даста айни ҳол чор имтиёзӣ дошта, “Ал-Ҳилол” бо сабаби беҳтар будани таносуби тӯбҳо дар  зинаи якум қарор дорад. Ғалаба метавонад ин ду дастаро ба даври  плей-офф наздиктар кунад.
“Ал-Ҳилол” дар  даври якум  натавонист, ки АГМК-ро ноком  созад (2:2). Қаҳрамони Лигаи Чемпионҳои Осиё дар соли 2019 дар бозии дуюми худ бо мағлуб намудани “Шабоб Ал-Аҳлӣ” (0:2) аввалин ғалабаашро ба даст овард. 
“Истиқлол” пас аз ҳар як бозӣ қавитар  мегардад. Шогирдони Виталий Левченко баъди мусовии мушкил бо “Шабоб  Ал-Аҳлӣ”  дар  дербии Осиёи Марказӣ тавонистанд соҳиби се имтиёз шаванд. Худголи Жокич ва  голҳои Манучеҳр Ҷалилову Муҳаммадҷон  Раҳимов барои истиқлолиҳо басанда буд то  ғалабаи таърихии худро ба қайд бигиранд. 
Акнун дар даври 3-юми марҳилаи гурӯҳии ЛЧ-Осиё ду дастаи пешсаф “Ал-Ҳилол” ва “Истиқлол” бо  ҳам рӯ  ба рӯ мегарданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив