LIVE

Нокомиҳои “Вест Ҳем” идома дорад

Бошгоҳи “Тоттенҳэм Хотспур” дар рақобати даври 31-уми Чемпионати Англия дар майдони худ тими “Вест Ҳем”-ро қабул намуд. Вохӯрии дастаҳо пуршиддат ҷараён гирифта, бо ду голи соҳибони майдон ба охир расид. Ҳарду гол дар қисми дуюми вохӯрӣ зада шуданд. Дар дақиқаи 64-ум бозигари чехитабори дастаи “Вест Ҳем”-  Томаш Соучек иштибоҳан тӯбро вориди дарвохаи худ кард. Дар дақиқаи 82-юм бошад, Гарри Кейн як бори дигар дарвозаи меҳмононро рахна сохта,  бо ҳамин ғалабаи дастаи “Тоттенҳэм”  таъмин гардид. Баъди ин пирӯзӣ дастаи “Тоттенҳэм” ба зинаи 7-уми ҷадвали ПЛА баромад. “Вест Ҳем” бошад, дар мақоми 17-ум боқӣ монд.      

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив