LIVE

Пеллегрини аз симати сармураббии «Вест Хэм» озод карда шуд

Роҳбарияти тими лондонии «Вест Хэм Юнайтед» -Мануэля Пеллегриниро аз мақоми сармураббии даста ба истеъфо равона сохт. Ин иқдом баъд аз шикасти тим аз «Лестер Сити» (1:2) дар даври 20-уми Премйер-лигаи Англия пиёда карда шуд. Пеллегрини ба «Вест Хэм» моҳи майи соли 2018 омада буд. Феълан тими лондонӣ мақоми 17-умро дар ҷадвал ишғол мекунад.  Довталаби асосӣ барои ишғоли курсии сармураббии «Вест Хэма» - Дэвид Мойес дониста мешавад. Мойес то омадани Пеллегрини низ «Вест Хэма»-ро роҳбарӣ карда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив