LIVE

Натиҷаи бозиҳои рӯзи якуми марҳилаи чорякниҳоии Лигаи Чемпионҳо

Дар доираи бозиҳои даври ҳаштякниҳоии Лигаи Қаҳрамонҳои Аврупо дастаҳои “Интер” ва “Атлетико Мадрид” ба масофи ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Ҷузеппе Меатса”-и шаҳри Милан дар ҳузури 73 709 нафар мухлис баргузор гардида, бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт.
Қисми аввали бозӣ бидуни гол анҷом ёфт. Дар қисми дуюми бозӣ ягона голи вохӯриро Марко Арнаутович дар дақиқаи 79-ум ба самар расонид. Ирсоли головарро Лаутаро Мартинес ба Марко таъмин кард.
Ёдовар мешавем, ки бозии ҷавобии дастаҳо рӯзи 14-уми март дар шаҳри Мадрид баргузор мегардад.
Дар доираи бозиҳои даври ҳаштякниҳоии Лигаи Қаҳрамонҳои Аврупо дастаҳои “ПСВ” ва “Боруссия”-и Дортмунд ба масофи ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Филипс”-и шаҳри Эйндховен дар ҳузури 34 950 нафар мухлис баргузор гардида, бо ҳисоби 1 бар 1 мусовӣ анҷом ёфт.
Ҳисобро дар вохӯрӣ нахуст Донйел Мален дар дақиқаи 24-ум боз кард. Ирсоли головарро Марсел Забитсер марбути номи хеш кард. Дар дақиқаи 56-ум Люк Де Йонг аз пеналти ҳисобро баробар кард. Бо ҳамин натиҷа вохӯрии дастаҳо ба анҷом расид.
Ёдовар мешавем, ки бозии ҷавобии дастаҳо рӯзи 14-уми март дар шаҳри Дортмунд баргузор мегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив