LIVE

Роналду дар соли 2023 беҳтарин дониста шуд

Бозии марказии чемпионати Арабистони Саудӣ миёни дастаҳои “Ал-Иттиҳод” ва “Ал-Наср” ба анҷом расид. Дастаҳо дар доираи бозиҳои даври 17 –ум ба масофи ҳам омада, дар варзишгоҳи шоҳ Абдулло Спорт Ситии шаҳри Ҷидда дар ҳузури 20 332 нафар мухлис бозӣ карданд. Вохӯрӣ  бо ҳисоби 2 бар 5 ба суди дастаи шаҳри Риёз анҷом ёфт. 
Ҳамлагари португалии тими “Ан-Наср” -   Криштиану Роналду  дар ин вохӯрӣ дубл кард ва  дар феҳристи голзанҳои соли 2023 мақоми аввалро касб намуд. Роналду ҳоло бо 53 гол беҳтарин нишонзани мавсими имсола  аст.  
Роналду аз ҳамлагарон Ҳарри Кейн ва Килиан Мбаппе, ки ҳар кадоми онҳо 52 гол доранд, пеш гузаштааст. Эрлинг Ҳоланди норвегӣ  бо 50 гол дар ҷои чаҳорум аст. Аҷоибаш дар ин, ки то анҷоми сол "Ал-Наср" ҳоло 1 бозии дигар дорад. Дастаҳои Мбаппе ва Кейн дар соли 2023 дигар бозӣ надоранд, Ҳоланд бошад ҷароҳат бардоштааст.
Ҳамчунин, Роналду бо ин дубл аз рӯи шумораи   дублҳо дар маснади касбӣ бо ҳамлавари «Интер Майами» - Лионел  Месси (157) баробар шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив