LIVE

Роналду хоҳиши рафтан аз «Ал-Наср»-ро дорад

Ҳамлагари «Ал-Наср» Криштиану Роналду мехоҳад, ки бо бошгоҳи Арабистони Саудӣ шартномаро пеш аз мӯҳлат қатъ кунад.

Роналду аз инфрасохтори Арабистони Саудӣ, ки аз ҷомеаи муосир дур номидааст, қаноатманд нест. Қайд карда мешавад, ки наздикони ҳамлагари 38-сола ба ҷустуҷуи тими нав дар Аврупо оғоз карданд.

Агар Роналду бе сабабҳои узрнок тасмим бигирад, ки аз «Ал-Наср» меравад, пас тибқи қоидаҳои ФИФА, ӯ бояд ба клуб то ду соли боқимондаи шартномааш ҷарима диҳад. Илова бар ин, низомнома нисбати бозигар таҳримот пешбинӣ мекунад, ки дар оянда барои машғул шудан ба фаъолияти футболии ӯ монеъ шуда метавонад.

Роналду аз 1-уми январи соли 2023 дар дастаи «Ал-Наср» бозӣ мекунад. Дар доираи чемпионати дохилӣ ӯ 14 бозӣ гузаронида, 13 гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив