LIVE

Пешсафии голии Кейн дар соли 2023

Ҳамлавари «Бавария» Ҳарри Кейн дар бозии даври 12-уми Бундеслига муқобили «Кёлн» ба задани гол даст ёфт. Бозигари англиси 30-сола дар дақиқаи 20-уми вохӯрӣ ҳисобро кушод.
Ин 49-умин голи ҳамлавар соли 2023 дар сафи «Бавария», «Тоттенҳэм» ва мунтахаби Англия мебошад. Ҳеҷ яке аз ин футболбозон бештар гол назадааст.
Ҳамлавари «Манчестер Сити» Эрлинг Холанд ва нишонзани «Ал-Наср» Криштиану Роналду 48 голӣ доранд. Килиан Мбаппе аз «ПСЖ» – муаллифи 47 гол аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив