LIVE

Рекорди навбатии омории Криштиану Роналду

Ҳамлавари «Ал-Наср» Криштиану Роналду дар бозии чемпионати Арабистони Саудӣ муқобили «Ал-Оҳдуд» (3:0) ба задани ду гол даст ёфт.
Футболбози португалии 38-сола ба нуқтаи   60  амали натиҷабахш ва бештар аз он бори нахуст дар панҷ сол расид. Айни ҳол дар ҳисоби  Роналду 48 гол ва 13 партофти голӣ дар  сафи бошгоҳ ва мунтахаби Португалия дар соли 2023 мебошад. Пештар Криштиану ба чунин натиҷа солҳои 2018-ум (49+13), 2017-ум (53+12), 2016-ум (55+16), 2015-ум (57+17), 2014-ум (61+20), 2013-ум (69+15, беҳтарин натиҷа дар маснади варзишӣ), 2012-ум (63+13), 2011-ум (60+18) ва 2010-ум (48+18) расида буд.
Мавсими ҷорӣ дар Про-Лигаи саудӣ Криштиану Роналду 13 бозӣ дар сафи «Ал-Наср» гузаронида, ба задани 15 гол ва ирсоли ҳафт партофти голӣ даст ёфтааст. Бозигари португалӣ айни ҳол беҳтарин нишонзани лига мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив