Бозиҳои даври 22-юми чемпионати Арабистони Саудӣ ба охир расид, ки дар он «Ал-Адалҳ» дар майдони худ «Ал-Наср»-ро қабул кард.
Вохурӣ бо ҳисоби 5:0 анчом ёфт. Дар ин бозӣ Криштиану Роналду ба задани ду гол даст ёфт. Ҳамлагари Португалӣ дар ҳайати «Ал-Наср» дар ин мавсим ба задани 11 гол даст ёфта, ба зинаи сеюми нишонзанҳо баромад.
«Ал-Наср» дар мавсими имсолаи Премйер-Лигаи Арабистони Саудӣ бо 52 имтиёз дувум аст.