LIVE

Роналду боз хет-трик кард

Имрӯз, 25-уми феврал бозии даври 18-уми мусобиқаи қаҳрамонии Арабистони Саудӣ баргузор шуд, ки дар он “Дамак” бо “Ал-Наср” бозӣ кард.
Криштиану Роналду дар нимаи аввал се гол зад.
Дар дақиқаи 17-ум бо Роналду аз пеналти ҳисобро боз кард.
Пас аз 5 дақиқа Криштиану дубл кард ва дар дақиқаи 44-ум бори севум гол зада, хет-трики навбатиашро бо пероҳани “Ал-Наср” рақам зад.
Португалӣ рӯзи 9-уми феврал дар бозӣ бо «Ал-Ваҳда» (4:0) покер карда буд.
«Ан-Наср» дар мавсими имсола дар 17 бозии чемпионати Арабистони Саудй 40 хол ба даст овардааст.
Клуб бо кӯмаки Роналду ба зинаи аввали чемпионат баромад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив