LIVE

200 млн евро дар як мавсим - аввалин пешниҳод барои Роналду

Боварии “Ал-Наср” ба гузариши Криштиану Роналду меафзояд.
Ба гуфтаи хабарнигорон, эътимоди бошгоҳи Саудӣ ба ин қарордод ба он асос ёфтааст, ки Роналду аз иқдоми эҳтимолӣ барои гузариш ба дастаи онҳо даст накашидааст.
Ҳоло, ки Роналду агенти озод аст, “Ал Наср” дарк мекунад, ки бояд зуд амал кунад. 
Аз ин рӯ, «Ал-Наср» аввалин клубе шуд, ки ба Криштиану расман пешниҳод кардааст.
Хабар дода шуда буд, ки дар сурати гузаштан ба “Ал-Наср”, португалӣ дар як мавсим 200 миллион евро маош дарёфт хоҳад кард. Мухлати шартнома 2,5 сол хисоб карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл шартномаи Роналду бо “Манчестер Юнайтед” қатъ шуда буд. Ҳоло форвард дар мақоми агенти озод аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив