LIVE

Маоши Роналду коҳиш дода мешавад, агар...

Daily Mail менависад, ки дар сурати  то анҷоми мавсим набаромадани "Манчестер Юнайтед" ба зинаи топ-4-и ҷадвали Премйер Лига маоши Криштиану Роналду кам карда мешавад. Гуфта мешавад, ки ҳоло форвард дар як ҳафта 458 ҳазор евро мегирад. Дар сурати коҳиши маош ӯ 345 ҳазор евро ба даст хоҳад овард.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки агар "девҳои сурх"  ба Лигаи Чемпионҳо роҳ наёбанд, Роналду дастаашро иваз мекунад. Португалиягӣ мехоҳад рекорди бозигари «Реал Мадрид»  Франсиско Хенторо, ки шаш маротиба Ҷоми қаҳрамонҳои Аврупоро ба даст овардааст, такрор кунад ё шикаст диҳад.

Криштиану дар мавсими ҷорӣ дар ПРА 18 бозӣ карда, ба задани 8 гол ва 3 партофти головар даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив