LIVE

Роналду имкон дорад, ки бозигари «Барселона» шавад

Криштиану Роналду дар фикри такр намудани "Манчестер Юнайтед" шудааст.  
Ба иттилои Sport.es. ҳамлагари португалӣ аз вазъи даста ва роҳбарияти «Манчестер Юнайтед» норозӣ аст. Роналду ба агенти худ Жорже Мендеш гуфт, ки дар сурати тағйир наёфтани вазъ бояд дастаи нав ҷустуҷӯ кунад. Мендеш бо роҳбарияти феълии «Барселона» муомилаи хуб дорад ва омода аст, ки Роналдуро ба каталониҳо пешниҳод кунад. Бо дарназардошти он, ки сармураббии “Барселона” Хави дар ҷустуҷӯи як ҳамлагари нав аст, клуб метавонад ба Роналду муроҷиат кунад.
Роналду дар мавсими ҷорӣ дар АПЛ 16 бозӣ анҷом дода, 8 гол ва 3 партофти головар кардааст. “МЮ” дар ҷадвали Премйер Лига дар ҷои ҳафтум қарор дорад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив