LIVE

“МЮ” ният дорад Роналдуро баргардонад. Клуб бо агенти бозигар тамос гирифтааст

Ҳамлагари “Ювентус” - Криштиану Роналду метавонад ба “Манчестер Юнайтед” баргардад.  
Ба гуфтаи рӯзноманигор Николо Шира дар "Твиттер" -и худ, клуби англисӣ аллакай бо агенти футболбоз Жорже Мендеш барои гузариши эҳтимолии ҳамлагар тамос гирифтааст. “Девҳои Сурх” вазъи Криштиануро дар “Ювентус” мушоҳида мекунанд. Шартномаи футболбози Португалия тобистони соли 2023 ба итмом мерасад.
Роналду аз солҳои 2003 то 2009 шарафи “Манчестер Юнайтед”ро ҳимоя мекард. 
Криштиану аз соли 2018 дар Ювентус бозӣ мекунад. Дар мавсими ҷорӣ, ҳамлагари 36-сола дар Серияи А-и Италия 28 бозӣ гузаронида, 25 гол задааст.
Қаблан президенти “Реал” - Флорентино Перес расман эълом намуд, ки Роналду ба клуб барнамегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив